'Хунсосозии харобкорӣ' дар таъсисоти атумии Эрон
Image copyright
Getty
Асғари Зореъон, муъовини ҳифозат ва амнияти ҳастаии Созмони энержии атумии Эрон, аз "хунсосозии мавориде аз харобкорӣ" дар таъсисоти ҳастаии Эрон хабар дод.
Оқои Зореъон рӯзи шанбеи 24 исфанд (15 март) гуфт, ки вазорати иттилоъот ва соири дастгоҳҳои амниятӣ дар чанд моҳи гузашта мавориде аз "харобкории санъатӣ"-ро шиносоӣ карда ва пеш аз вуқӯъ онҳоро хунсо кардаанд.
Ба гуфтаи ӯ, харобкорӣ дар бахше аз таъсисоти оби сангини Арок яке аз ин маворид будааст.
Муъовини ҳифозат ва амнияти ҳастаии Созмони энержии атумӣ ҷузъиёти мавориди дигарро зикр накардааст.
Ӯ ин хабарро дар маросими баҳрабардорӣ аз озмоишгоҳҳои тахассусии муқобила бо харобкории санъатӣ эълом кард. Алиакбари Солеҳӣ, раиси Созмони энержии атумӣ, низ дар ин маросим ҳозир будааст.
Асғари Зореъон "осори мухарриб, табаъоти байналмилалӣ ва эҷоди ҷавви равонӣ"-ро аз ҷумлаи далоиле донистааст, ки "душман" ин равишро барои зарба ба барномаи ҳастаии Эрон интихоб кардааст.
Мухолифати қудратҳои ғарбӣ бо барномаи ҳастаии Эрон таҳримҳои васеъеро алайҳи ин кишвар ба дунбол доштааст.
Илова бар ин, Мустафо Аҳмадии Рӯшан, Масъуди Алимуҳаммадӣ, Маҷиди Шаҳриёрӣ ва Дориюши Ризоинажод, аз донишмандон ва дастандаркорони барномаи ҳастаии Эрон, ҳам мавриди сӯиқасд қарор гирифтаанд.
Мақомҳои эронӣ Исроилро ба терури ин афрод муттаҳам мекунанд. Мақомҳои Исроил маъмулан дар бораи чунин иттиҳомоте мавзеъи сареҳе намегиранд.
Пас аз сӯиқасд ба ҷони Мустафо Аҳмадии Рӯшан, Ево Мурдехой, аз фармондеҳони низомии Исроил, гуфта буд: "Ман намедонам чи касе донишманди эрониро кушта, аммо мутмаиннан барои ӯ ашк намерезем."