Интишори тасовири 'қатли ом дар Ироқ' тавассути Доъиш
Image copyright
AP
Аъзо ва ҳаводорони Доъиш аксҳо ва филмҳое мунташир кардаанд, ки мутобиқи онҳо ба назар мерасад даҳҳо нафар аз сарбозон ва нерӯҳои амниятии Ироқ пас аз дастгирӣ эъдом шудаанд.
Асолати ин аксҳо ва филмҳо ба таври мустақил таъйид нашудааст.
Дар ин тасовир даҳҳо нафар, ки дастонашон аз пушт баста шуда, ба саф мешаванд, рӯйи замин дароз мекашанд ва пайкорҷӯёни Доъиш ононро ба гулӯла мебанданд ва "эъдом" мекунанд.
Женерол Қосим Мусавӣ, аз сухангӯёни артиши Ироқ, ин тасовирро мустанад дониста ва гуфтааст ин аксҳо иттифоқе дар устони Салоҳиддинро нишон медиҳанд.
Дар яке аз видиюҳое, ки мунтшир шуда, гуфта мешавад, ки даҳҳо асире ки бино аст эъдом шаванд, сарбозоне ҳастанд, ки таслим шудаанд. Дар аксҳое дида мешавад, ки ин афрод бо либосҳои ғайринизомӣ дар вонетҳое дар ҳоли интиқол ба маҳалле дигар ҳастанд.
Риштаинфиҷорҳои Бағдод
Ҳамзамон мақомҳои пулис ва бемористоне дар Ироқ ба хабаргузории Оссушиэйтед Пресс гуфтаанд, ки як ришта бумбгузорӣ дар Бағдод ҳадди ақал 15 нафарро кушта ва беш аз 30 нафарро захмӣ кардааст.
Бинобар ин гузориш дар маркази шаҳр инфиҷори бумбе боъиси кушта шудани 10 нафар шуд ва 21 нафарро захмӣ кард.
Бо расидани соъоти шаб инфиҷори дигаре дар ноҳия боъиси марги ду нафар ва маҷрӯҳ шудани 5 нафар шуд.
Инфиҷори севум дар наздикии як ғизофурӯшӣ дар шаҳраки Садр рӯй дод. Дар ин инфиҷор се нафар кушта ва ҳафт нафар захмӣ шуданд.
Бағдод дар моҳҳои ахир шоҳиди афзоиши шадиди бумбгузориҳо ё ба сурати интиҳорӣ ё бо худрав будааст, ки ағлаб маҳаллоти шиъанишин ё нерӯҳои амниятиро ҳадаф мегирад.
Тахлияи сафорати Омрико
Аз сӯйи дигар, вазорати хориҷаи Омрико рӯзи якшанбе дар Вошингтун эълом кард. ки сафорати ин кишвар дар Бағдод қасди тахлияи шумори қобили таваҷҷуҳе аз хадамаашро дар тӯли ҳафтаи ҷорӣ дорад.
Ин сохтмон дар каронаи рӯди Даҷла дар дохили минтақаи муҳофизатшуда мавсум ба Сабзи Бағдод қарор дорад ва бо ҳудуди 550 корманд бузургтарин сафоратхонаи Омрико дар ҷаҳон аст.
Шумори хадамае, ки тахлия хоҳанд шуд маълум нест, аммо сафоратхона ҳамчунон ба кори худ идома хоҳад дод.
Сухангӯйи вазорати хориҷа дар баёнияе навишт: "Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Омрико дар Бағдод баста намешавад ва мо ба таъомули рӯзнома бо ироқиҳо ва раҳбарони мунтахаби онҳо идома медиҳем ва дар ҳоле ки онҳо фароянди Қонуни асосиро тақвият ва дар баробари таҳдидҳои оҷил аз худ дифоъ мекунанд, аз онҳо ҳимоят мекунем."
Ӯ ҳамчунин ба шаҳрвандони омрикоӣ дар Ироқ тавсия кард эҳтиёт кунанд ва сафар ба устонҳои Анбор, Нинво, Салоҳиддин, Диёла ва Каркукро маҳдуд кунанд.