Пентогун: Ба дархости Ироқ парвози паҳподҳои мусаллаҳ оғоз шуд
Image copyright
AFP
Вазорати дифоъи Омрико аз павози ҳавопаймоҳои бесарнишини ин кишвар дар осмони Ироқ хабар додааст.
Бар асоси иттилоъияи Пентогун, паҳподҳои омрикоӣ барои ҳифозат аз нерӯҳои низомии Омрико бар фарози Ироқ парвоз хоҳанд кард.
Онҳо масъули ҳифозат аз ҳавопаймоҳои низомии бохалабон ва бехалабони Омрико ҳастанд, ки рӯзона 30 то 40 маъмурият анҷом медиҳанд.
Баъзе аз ин паҳподҳо барои ҳифозат аз ҷони 180 мушовири омрикоӣ дар Ироқ ба силоҳҳои кушанда муҷаҳҳаз ҳастанд.
Борок Убомо, раиси ҷумҳурии Омрико, ҳанӯз дастури ҳамлаи нерӯҳои ҳавоии Омрико ба мавозеъи шибҳинизомиёни сунниро содир накардааст, аммо дар суханронии ҳафтаи пеши худ гуфта агар лозим бошад, артиши Омрико вориди амал хоҳад шуд.
Оқои Убомо аз эъзоми 300 нерӯи омрикоӣ ба Ироқ хабар дод, ки то кунун беш аз ниме аз онҳо вориди хоки Ироқ шудаанд.
Вазорати дифоъи Омрико мегӯяд ба дархости давлати Ироқ парвози ҳавопаймоҳои бесарнишин идома хоҳад дошт.
Рӯзномаи "Ню-Юрк Тоймз" пештар гузориш дода буд, ки паҳподҳо аз навъи таҷассусии муҷаҳҳаз ба мушакҳои ҳаво ба замини "Ҳелфойер" ҳастанд ва парвози онҳо бар фарози Бағдод аз рӯзи панҷшанбе оғоз шудааст.
Мақомҳои омрикоӣ ба хабаргузории Руйтерз гуфтаанд як маркази низомии муштараки муташаккил аз 90 нерӯи омрикоӣ ва ироқӣ ҳафтаи оянда дар Бағдод ифтитоҳ хоҳад шуд.
Давлати Ироқ дар талош аст нерӯҳои Доъишро аз мавозеъе, ки ба тасарруф даровардаанд, ақаб биронад.
Нурии Моликӣ, нахуствазири Ироқ, дар мусоҳиба бо Би-би-сӣ бо интиқод аз ақаб уфтодани таҳвили ҷангандаҳои омрикоӣ аз хариди ҷангандаҳои дасти дувум аз Русия хабар додааст.
Вай ибрози умедворӣ карда, ки бо расидани ин ҳавопаймоҳо артиши Ироқ дар муқобили Доъиш муваффақ шавад.